Хуҷанд: афзоиши содироти маҳсулот ба 6,8 маротиба
Суғд 14.08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар давоми ҳафт моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти савдои берунии шаҳри Хуҷанд ба 272,3 млн. доллари амрикоӣ расида, содироти маҳсулот 6,8 маротиба афзудааст. Ҳамзамон, гардиши савдо ба 1 млрд. 103,1 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 150,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба иттилои Усмон Олимов, мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз оғози сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати шаҳр ба 351,4 миллион сомонӣ расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,1 дарсад зиёд мебошад.
Дар ин замина нақшаи даромади буҷети шаҳр 104,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз 7,0 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ ворид гашта, зиёда аз 8,1 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






