Хуҷанд макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 интихоб шуд
Душанбе, 18.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шаҳри Хуҷандро ба сифати макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар Осиёи Марказӣ тасдиқ кард. Сабқати интихобӣ аз 14 то 16 ноябри соли равон дар маҷмааи нави «Қасри варзиш»-и Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Марказӣ чаҳор дастаи мунтахаб — Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон — ширкат меварзанд. Аз ин минтақа ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар пойтахти Ӯзбекистон — Тошканд барпо мегардад, роҳ меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷараёни ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Дубай ва Эл-Кувайт панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






