Иди «Асал ва харбуза — 2015» — имконияти хуби татбиқи маҳсулоти кишоварзӣ
Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар бозорҳои калони озуқавории пойтахт , ба монанди «Шоҳмансур», Саховат »,«Қарияи боло » ва «Деҳқон » иди «Асал ва харбуза — 2015» баргузор шуд.
Сокинони шаҳри Душанбе метавонанд намудҳои гуногуни асал ва беҳтарин навъҳои харбузаи парваришнамудаи деҳқонони тоҷикро чашанд ва харидорӣ намоянд.
Дар ин ид ҳамчунин намудҳои дигари маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешкаши мардум гардид.
Ба ақидаи деҳқонон ва замбӯрпарварони Тоҷикистон, чорабинии мазкур на танҳо барои зиёд намудани намудҳои кишти харбуза ва асал дар ҷумҳурӣ , балки барои амали он ба тиҷорат баровардани онҳо мусоидат мекунад.
Ба иттилои раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли равон кишти полизӣ 296815 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 64135 тонна афзунтар мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






