Ифтитоҳи намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Свердловск
Душанбе, 20.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии худро дар вилояти Свердловски Русия ифтитоҳ кард, ки ҳадафи он ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин вилоят арзёбӣ мегардад.
Дар маросими ифтитоҳи намояндагӣ Зариф Ализода- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Мавсуф ҳамзамон дар сӯҳбати мизи гирд оид ба «Ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо» иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин чорабинӣ намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Русия Иқболшо Шабозов муаррифӣ гардид.
Ҳамзамон омбудсмени Тоҷикистон З. Ализода зимни сафараш ба Русия бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова, муовини раиси ҳукумати ин вилоят Яков Силин, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Свердловск ва муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






