Ҷиргатол: боғчаи бачагона барои 60 кӯдак
Ҷиргатол, 1.08.2015. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатзода).-Ба иттилои мудири маорифи ноҳияи Ҷиргатол Пирмаҳмад Сатторов дар давоми 6 моҳи соли равон дар соҳаи маорифи ноҳия натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон дар маҳаллаи Сайрони ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳия як мактаби ибтидоӣ ва ду синфхонаи иловагӣ, дар маҳаллаи Калтабулоқи ҷамоати шаҳраки ноҳия 4 синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби рақами 20, дар маҳаллаи Ёрмазори ҷамоати деҳоти Янгишаҳр ду синфхонаи иловагӣ, дар маҳаллаи Карчини ҷамоати деҳоти Чиргатол як толори варзишӣ, дар маҳаллаи Шилбилии ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳия З синфхонаи иловагӣ, дар маркази маҳаллаи Чоргули ҷамоати деҳоти Муксу боғчаи бачагона ба истифода дода шуда, инчунин сохтмони боғчаи бачагона барои 60 кӯдак аз маблағҳои мақомоти маҳаллӣ дар арафаи анҷомёбист.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






