Иштироки беҳтарин варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016
Душанбе, 18.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллиии олимпии кишвар, варзишгароне, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат мегиранд, бо мукофотпулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ сарфароз хоҳанд шуд. Ин маблағ аз ҳисоби сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон — Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ғаюр”, пардохт карда мешавад.
Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Барои роҳхатҳои олимпӣ, инчунин варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштини озод, гуштини юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо WTF ва ғайра мубориза мебаранд.
Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз Дилшод Назаров, 14 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 мушарраф шудаанд.
Ёдовар мешавем, мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки 1 августи соли равон ба тасвиб расидааст, барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медалҳои нуқра мегиранд, бо 250 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Ба варзишгароне, ки соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ 200 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






