Истеҳсоли оби ҷав, нўшокиҳои беспирт, папиросу сигарет кам шуд
Душанбе, 1.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар айни замон истеҳсоли кетчуп, консерваҳо, маснуоти макаронӣ, равғани растанӣ, коняк, оби ҷав, нўшокиҳои беспирт, папиросу сигарет, калобаи пахтагин, газворҳо, матоъҳои нобофта, қолин ва маснуоти қолинӣ, мазут, қир, гаҷ, мех ва дару тирезаҳои алюминӣ кам шудааст.
Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ дар давраи ҳисоботии соли 2015 истеҳсоли истихроҷи ангиштсанг ва ангишти бўр, истихроҷи нафт, газ, маводи ғайримаъдании бинокорӣ, намаки ошӣ, колбаса, панири равғанин, маҳсулоти шири холис, маснуоти қаннодӣ, арақ ва маҳсулоти ликеру арақ, нахи пахта, маснуоти ҷӯробу пайпоқ, пойафзол, пўст, собуни хоҷагӣ, бензин, сӯзишвории дизелӣ, семент, оҳаки бинокорӣ, хишти бинокорӣ, арматураи сохтмонӣ, плитаҳои тарабхона, асфалт, неруи барқ, қувваи ҳароратӣ ва ғайраҳо афзудаанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






