Истихроҷи ангишт ба ним миллион тонна расонида шуд

Август 24, 2015 08:29

Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016», бо роҳбарони корхонаҳои соҳа муҳимияти супориши мазкурро фаҳмонида, чораҳои зарурӣ андешида,ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаю уҳдадориҳо вобаста ба таъмин намудани “МБГ Душанбе-2”, аҳолӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ва захираи он то мавсими тирамоҳу-зимистон бо ангишт дастурҳои мушаххас дода аст.
Истихроҷи ангишт аз аввали сол то санаи  имрӯз, 24 августи соли ҷорӣ ба зиёда аз 500 ҳазор тонна расонида шудааст, ки дар нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 88,8 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурӯши ангишт дар ин давра 431 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Захираи ангишт бо назардошти бақияи ангишти соли сипаригардида дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши корхонаҳои соҳаи ангишт то имрӯз 161,3 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.  
Дар айни замон, ҳар шабонарўз ба ҳисоби миёна аз 5 то 7,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол гардида,  муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурӯши ангишт ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт онро харидорӣ намоянд.

Август 24, 2015 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад