Истихроҷи то 7000 тонна ангишт дар як шабонарӯз
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз аввали сол то санаи 10 августи соли ҷорӣ истихроҷи ангишт ба 433 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 70 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурӯши ангишт дар ин давра 380 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти вазорату идораҳои дахлдор, талаботи муассисаҳои буҷавӣ ба ангишт дар соли ҷорӣ 50376,6 тоннаро ташкил дода, дар ҳафт моҳи соли 2015 бо назардошти бақияи соли сипаригардида ба миқдори 18311,4 тонна ангишт захира карда шудааст.
Дар айни замон, истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба ҳисоби миёна панҷ ҳафт ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурӯши ангишт ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт онро харидорӣ намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






