Истироҳати наврасони ноҳияҳои Рашту Шуғнону Ванҷ дар Суғд
Суғд, 10.08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз нахустин гурӯҳи кӯдакону наврасони 50 нафара аз минтақаи Рашт, ки бар асари офатҳои табиӣ хонаводаҳояшон зарар дидаанд, ба вилояти Суғд оварда шуданд.
Ба иттилои сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, дар айни замон гурӯҳи кудакон дар истироҳатгоҳи «20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон”, воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир шуда, барояшон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ба гуфтаи мавсуф, тобистони соли равон дар истироҳатгоҳҳои вилоят 210 нафар кӯдакону наврасон аз ноҳияҳои зарардидаи Шуғнон, Ванҷ ва Рашт оварда шуда, ба ҳар якашон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сару либос ва дигар лавозимоти зарурии мактабӣ тақдим карда шуд. Онҳо то замони бунёди хонаҳояшон дар ҳудуди вилоят истироҳат ва таҳсил хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






