Кишт ва сабзиши пахта
Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 164765 гектар пахта кошта шуд. Дар айни замон ниҳолҳои пахта бо гузаронидани корҳои агротехникӣ дар ҳолати хуби сабзиш ва кўракбандӣ қарор доранд.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, то 4 июли соли равон қаторҳо дар масоҳати 620809 гектар коркард шуда, дар майдони 412015 гектар пахтазор ғизо дода шуд, ки ин мутаносибан 2,4 ва 2,3 маротибаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар майдони 381265 гектар обёри карда шуд, ки 2,3 маротиба мебошад. Ҳоло нашъунамои пахтазор идома дошта, ниҳолҳои пахта дар ҳолати гулкунӣ қарор дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






