Корҳои барқароркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ- Мурғоб -Кулма
Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ҳамарӯза барои барқарор намудани қитъаи харобгардидаи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ- Мурғоб -Кулма, ки дар натиҷаи офати табии дар ноҳияи Шуғнон зери об монда буд, зиёда аз 200 кг маводи тарканда истифода бурда мешавад.
Бино ба иттилои сардори Раёсати кӯшунҳои муҳандисии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёрабек Бачабеков, ҳоло кор дар душвортарин мавзеъ — қаторкӯҳҳои Шитобоғ идома дошта, сахтии кӯҳ дар ин ҷо дорои категорияи ҳаштум мебошад. То ба имрӯз дар ин ҷо зиёда аз 900 ҳазор метри кубӣ корҳои таркиши ба анҷом расонида шуда, барои пайваст ва пурра барқарор намудани ин қитъаи шоҳроҳ боз 700 метр кӯҳ тарконида хоҳад шуд.
Гурӯҳи таркишии ҷузъу томҳои қӯшунҳои муҳандисии Вазорати мудофиа он ҷо дар ду самт кор кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






