Кумаки навбатӣ ба осебдидагони Бадахшон аз ҷониби ФИКТ ва «Ҳамсоягии нек»

Август 22, 2015 04:02

Хоруғ, 22. 08 2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан).-Федератсияи мустақили иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ ба ҳар оилаи аз офати табиӣ осебдидаи деҳаи Барсем 500 сомонӣ  кумак кард.
Зимни боздид аз шаҳраки хаймавӣ  раиси федератсия Шерхон Одина бо шароити зисти сокинон аз наздик шинос гардида, гуфт, ки бо дастури Сарвари давлат то фаро расидани фасли сармо ҷабрдидагон ҳамаашон ба хонаҳои нави истиқоматӣ хоҳанд кучид. Бо истифода аз имконоти  молӣ  федератсияи итифоқи касаба мекушад дар оянда низ имдоди худро ба офатдидагон расонад.
Дар ин рӯз яке аз ташкилотҳои байналмилалии «Ҳамсоягии нек»-и Ҷумҳурии Корея низ ба оилаҳои зарардида орду равған ва ба фарзандони онҳо  ашёи зарурии хонишро тақдим намуд.

 

Август 22, 2015 04:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд