Маҳви 30 узви ДИИШ дар шарқи Ҳумс
Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар»,Тоҷиддин Аҳмадзода).- Субҳи рўзи якшанбе неруҳои ҳавоии артиши Сурия ҳамлаҳои пай дар пай ба махфигоҳҳо ва қароргоҳҳои ДИИШ дар шаҳраки «Ал-Қарятайн»-шарқи вилояти Ҳумс заданд. Як манбаи низомӣ ба хабаргузории «Сана» таъкид кард, ки ҳадди ақал 30 террористи вобаста ба ДИИШ нобуд гардиданд. Манбаи низомӣ ишора кард, ки ҳамлаҳои неруҳои ҳавоӣ боиси аз байн бурдани як анбори мушакҳо ва 7 мошин гардид.
Тибқи гуфтаи манбаъ қувваҳои артиш ҳамчунин теъдоде аз террористҳои ДИИШ-ро дар шарқи «Ал-Мақолеъ» ва дар ғарби Тадмур маҳв намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






