Марги навраси 15 сола бар асари садамаи нақлиётӣ
Душанбе, 21.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, рӯзи 19-уми августи соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” сокини 24-солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар самти Восеъ-Кӯлоб бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, пиёдагардон: духтарчаи 1-сола, писарчаи 5-сола ва навраси 15-сола — истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлобро пахш намудааст. Навраси 15-сола, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳи интиқол ба беморхона ба ҳалокат расида, пиёдагардони хурдсол бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд.
Дирӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини 54-солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур зани 47-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






