Мастчоҳ: Чоҳҳои амудӣ 150 гектар заминро бо об таъмин карданд
Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Масчоҳ 6 чоҳи амудӣ кофта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки 150 гектар заминҳои киштро обёрӣ мекунанд.
Ин ташаббус дар доираи Барномаи рушди иқтисодии деҳот амалӣ гардида, барои амали намудани 10 лоиҳа 160 ҳазор доллари ИМА бо дастгирии молиявии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон равона гардидааст. Ҳамзамон барои ин кор аз ҳаҷми маблағҳои умумӣ 20 фисад, яъне 32 ҳазор доллар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва аз ҳисоби худи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ маблағи пешбинӣ гардида, масраф шудааст.
Дар маҳаллаи 40-солагии Дилварзин бо харҷи қариб 160 ҳазор сомонӣ, чоҳи амудӣ кофта шуда, заминҳои наздиҳавлигии сокинони ин маҳал бо оби полезӣ ва худи сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Ба хамин монанд заминҳои хоҷагии деҳқонии Ҳоҷимирниёз дар майдони беш аз 50 гектар, хоҷагии деҳқонии Шоҳрухмирзо дар ҳудуди 30 гектар, 29 гектар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Саидиёни дашт», беш аз 15 гектар заминҳои хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Амонулло ва 30 гектар заминҳои хоҷагии деҳқонии Далери Нури ноҳияи Мастчоҳ, дар маҷмӯъ беш аз 150 гектар бо оби полезӣ таъмин шуданд.
Қобили қайд аст, ки ҳар кадоми ин лоиҳа бо саҳмгузории то 50 дар сади хоҷагидорон амалӣ гардидааст. Баъди аз байн рафтани танқисии об аллакай дар заминҳои як қисми хоҷагии деҳқонӣ, аз ҷумла Далери Нур кишти такрорӣ гузаронида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






