Меҳмонхонаҳо барои истиқболи ҳоҷиён дар сатҳи олӣ омодаанд
Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Аъзои ситоди “Ҳаҷ-2015” барои истиқболи сазовори ҳоҷиёни Тоҷикистон меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои тиббӣ, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва ошхонаҳоро омода намуда, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвари Арабистони Саудӣ, аз қабили Вазорати ҳаҷ ва майдони ҳавоӣ ҳамаи шароити лозимаро муҳайё сохтаанд.
Имсол дар шаҳри Мадинаи мунаввараи Арабистони Саудӣ фурӯдгоҳи нави замонавӣ дар масими Ҳаҷ-2015 ҳоҷиёнро аз тамоми ақсои олам қабул мекунад.
Шароити меҳмонхонаҳо барои истиқомати хоҷиён дар сатҳи олӣ буда, меҳмонхонаҳои шаҳри Мадина бо ҳама лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд. Меҳмонхонаҳо дар наздикии масҷиди набавӣ қарор дошта, омаду рафти ҳоҷиёнро хеле осон менамоянд. Ошхонаҳо васеъу барҳаво буда, дар як вақт шумораи зиёди хоҷиён метавонанд аз он истифода намоянд. Ҳамчунин онҳо бо ошпазхои ватанӣ таъмин шудаанд ва барои хоҷиён таомҳои миллии тоҷикӣ омода менамоянд.
Гурӯҳи корӣ барои тамоси пайваста бо ҳамдигар ва сари вақт анҷом додани супоришот бо телефонҳои кооперативӣ таъмин шудаанд.
Дар Мадинаи мунаввара гурӯҳи корӣ корҳои худро хуб ба роҳ монда, мунтазири омадани ҳоҷиёнанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






