Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мубаллиғи забони форсӣ-тоҷикӣ буд
Душанбе, 04.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода). -«Шахсияти беназир ва осори пурғановати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1385) асрҳост, ки диққати аҳли илму донишро ҷалб менамояд», — ин матлаб имрӯз зимни ҳамоиши «Ҷойгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ», ки дар Душанбе бо ҳузури олимону донишмандон доир гардид, зикр шуд.
Ҳамоиши мазкур ба ифтихори ҷашни 700-солагии мутафаккири бузург -Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ҳадафаш ошноӣ ба мероси пурғановати мутафаккири Машриқзамин -Мир Сайид Алии Ҳамадонист, — гуфт дар оғози ҳамоиш Шариф Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Мирзо Муллоаҳмадов -муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: таҷлили 700 -солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, барои амиқтар омӯхтани аҳволу осори мутафаккири бузурги машриқзамин аҳамияти бузург дорад. Инчунин дар натиҷаи омӯзиши афкору андешаҳои шоир ва орифи бузург мо бештар ба ҷиҳатҳои башардӯстӣ, инсондӯстиву ахлоқии осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваҷҷуҳ намуда, беҳтарин андешаҳои ӯро ба мардум мерасонем, зеро ин амал барои тарбияи ахлоқии насли наврас басо муҳим мебошад.
Ҳамзамон дар ҳамоиш донишмандони шинохтаи тоҷик Мирзо Муллоаҳмад, Аскаралӣ Раҷабов, Ҷамолиддин Саидзода ва дигарон дар мавзӯъҳои «Андешаҳои инсондӯстии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва фарҳанги замони ӯ», «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Иқболи Лоҳурӣ» ва дигар паҳлӯҳои рӯзгор ва осори ин мутафаккири бузург сухан карданд. Зикр шуд, ки таълимоти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дорои андешаҳои арзишманд буда, дар роҳи мардумсолорӣ, покизагии ахлоқ ва ташаккули шахсияти инсон ва дигар фазилатҳои нек нақши бузург мебозанд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи миллӣ ва фарҳангию ирфонист. Ӯ шахсияти бузургест, ки дар қаламрави Ҳамадони Эрон чашм ба олам кушода, дар Кашмири Ҳинд шуҳратёр гардид ва дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон -Хатлонзамин мадфун аст. Яъне се қаламравро ба ҳам пайванд намудааст. Мутафаккири бузург дар баробари мубаллиғи ислом буданаш, яке аз тарғибгарони забони форсию тоҷикӣ ва тамаддуни тоҷикон дар қаламрави Кашмир будааст.
Дар фарҷоми ҳамоиш Феҳристи осор ва адабиёти марбут ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рӯнамоӣ гардида, осори ин мутафаккири бузург намоиш дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






