Мубориза бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост

Август 20, 2015 04:24

Душанбе,  20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар асоси барномаи хониши идоравии мақомоти давлатӣ дар моҳҳои июл- ноябри соли 2015, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020» ба иштироки  кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ машғулияти хониши идоравӣ доир гардид.
Дар ин омӯзиш роҳбарони кумитаҳои зикргардида- иштирок намуда, барои ҳозирин зарурияти баргузор намудани чунин машғулиятҳои омӯзиширо муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки чунин омӯзишҳо барои хизматчиёни давлатӣ баҳри пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ муҳим ва саривақтӣ мебошанд.
Дар машғулияти мазкур ҳуқуқшиноси Кумита Сафаргул Бухориева Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро муаррифӣ намуда, оид ба талаботи қонуни мазкур ва коррупсия- яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст, суханронӣ намуд.
Хамзамон, зикр гардид, ки вазифаи ҳар  хизматчии давлатӣ ба дарки ҳар  фард расонидани зарурати мубориза бар зидди коррупсия ва бартараф намудани мавқеи бетарафӣ нисбат ба коррупсия ва бо ҳамин восита ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа мебошад.

Август 20, 2015 04:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд