Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони мақомоти идоракунандаи захираҳои моддии ИДМ
Душанбе, 06.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо роҳбарони мақомоти давлатии идоракунандаи захираҳои моддии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ мулоқот кард.
Тавре таъкид шуд, дар шароити кунунӣ, ки аксари кишварҳои ҷаҳонро бўҳрони иқтисодию молиявӣ фаро гирифтааст, идораи самарабахши сохторҳои захираҳои давлатӣ, технологияи нигоҳдошти масолеҳи арзишманд, бозомўзию омода кардани мутахассисони варзидаи соҳа ва ташкили низоми муайяни кори сохторҳои захираҳои давлатӣ дар таъмини амнияти иқтисодии ҳар як давлат нақши муассир мегузорад.
Аз роҳбарони сохторҳои давлатии идоракунандаи захираҳои моддии давлатии кишварҳои Иттиҳод даъват карда шуд, ки бо истифода аз имкону захираҳои мавҷуда ҳамоҳангии кори сохторҳои давлатии ин соҳаро таъмин карда, дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, аз ҷумла дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои таббии ва садамаҳои техногенӣ, саҳми муштарак дошта бошанд.
Хотиррасон мешавем, ки роҳбарони мақомоти давлатии идоракунандаи захираҳои моддии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шўрои машваратии ин мақомот дар шаҳри Душанбе қарор доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






