Мунтахаби наврасони то 16-сола дар Норак машқ мекунанд
Душанбе, 14.08.2015 (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)- Имрӯзҳо дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишӣ машқии худро дар Норак мегузаронад.
Ёдовар мешавем, ки сармураббии даста Зайниддин Раҳимов барои иштирок дар ин чорабинӣ 28 нафар бозигарон, аз ҷумла 4 дарвозабон, 7 муҳофиз, 10 ниммуҳофиз ва 7 ҳамлагарро даъват кардаст.
Бояд зикр кард, ки дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” баромад мекунад. Рақибони наврасони мо дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби ҳамсолонашон аз Ироқ, Қатар ва Туркманистон мебошанд. Хотирасон менамоем, ки ин мусобиқа аз 16 то 20 сентябр дар давлати Қатар баргузор мегардад.
Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016, ки дар Ҳиндустон хоҳад гузашт, ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи нишондиҳандаҳои хуб доштаи ҳаргурӯҳ роҳхат мегиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






