Н. Бордюжа: «Бори нахуст ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар кишвари раёсаткунанда баргузор мегардад»
Душанбе, 19.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Бори нахуст, пас аз танаффуси дуру дароз, дар кишвари раёсаткунанда ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баргузор мегардад», — ин матлабро Дабири кулли СААД Николай Бордюжа пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт.
Вай афзуд, ки дар ҷараёни мулоқот бо раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон асосан масоили омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки 15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.
Н. Бордюжа таъкид кард: ки «Имрӯз мо бо иншооти баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои СААД шинос шудем, ки онҷо корҳои фароҳам овардани шароит барои фаъолияти сохторҳои ташкилот идома доранд».
«Масъалаи асосие, ки аз ҷониби сарони давлатҳо матраҳ мегардад — ин натиҷаи санҷиши ногаҳонии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши фаврӣ ба шумор меравад. Гап сари он аст, ки мо корҳои тадқиқотии зиёде гузарондем ва дар натиҷа як қатор мушкилот ошкор гардид, ки баҳри баланд бардоштани фаъолияти самараноки муштарак онҳоро ҳал бояд кард», — гуфт Николай Бордюжа.
Зимни мулоқот инчунин ба вазъияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо назардошти тамоюли танозули вазъияти Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Дар робита ба ин, мавзӯи таҳкими марз, қӯшунҳои сарҳадӣ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид.
Н. Бордюжа ҳамчунин илова намуд, ки то имрӯз қариб ҳамаи кишварҳои аъзои СААД барои таҳкими марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон кумаки ҳарбӣ-техникӣ расондаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






