Намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба машқгоҳи Псков мераванд
Душанбе, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Рӯзҳои 25-28-уми августи соли равон дар шаҳри Пскови Федератсияи Русия таҳти унвони «Ҳамкорӣ-2015» машқҳои низомӣ-тактикии нерӯҳои муттаҳидаи зудамали кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» намояндаи маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат иттилоъ дод, дар машқҳои мазкур аз Тоҷикистон взводи алоҳидаи Бригадаи ҳамлавари десантӣ ва гурӯҳи фаврии Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳ, таҳти фармондеҳии муовини сардори Раёсати оперативии Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷаҳонгир Назаралиев иштирок мекунад.
Ёдовар мешавем, ки СААД соли 2009 ташкил ёфта, ба он кишварҳои Тоҷикистон, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомил мебошанд. Нерӯҳои муттаҳидаи зудамали СААД 22 ҳазор низомиёнро дар бар мегиранд.
Рӯзҳои 14-15 моҳи сентябри соли равон ҷаласаи якҷояи навбатии Шӯрои вазирони мудофиа, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Кумитаи котиботи амнияти кишварҳои аъзои СААД дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






