Намудҳои беҳтарини оши палав

Август 25, 2015 06:31

Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно  Нусратуллозода).-«Намудҳои  беҳтарини оши палави тоҷикӣ»  («Изысканные рецепты таджикского плова»)- таҳти чунин унвон китоби Фарҳод ва Усмон Каримовҳо  бо забони русӣ ва  англисӣ ба табъ расид. Китоби мазкур дар  Фестивал-озмуни «Оши палав» муаррифӣ гардид.
Дар ин китоб оид ба 27 номгӯи  анъанавии оши палави тоҷикӣ ва намудҳои нави он, дастурамал  ва тарзи омода намуданашон маълумот пешниҳод гардидааст. Маълум аст, ки  оши палав дар байни таомҳои миллии тоҷикӣ  ҷои махсусро ишғол менамояд ва дар таърихи хӯрокпазӣ   100  намуди ош мавҷуд аст, ки аз он 50 намудаш ба феҳристи хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дохил мешавад. 
Фарҳод Каримов худ яке аз пазандагони машҳур, ташкилкунандаи соҳибтаҷрибаи соҳаи хӯроки ҷамъиятӣ ва тарабхонаҳои Тоҷикистон мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ соли 1985 бори аввал маҷмӯаи раҳнамои «Таомҳои миллии тоҷикӣ» барои ташкилоти хӯроки умумӣ таҳия ва нашр гардида буд. Ӯ муаллифи як қатор хӯрокҳои тозаэҷоди фирмавӣ аст.  Инчунин  Фарҳод Каримов муаллифи китоби  дуҷилдаи «Таомҳои миллӣ ва ғановати табиати Тоҷикистон» аст. Ҷилди якуми ин китоб дар намоишгоҳи сеюми байналмилалии китоб  дар шаҳри Душанбе барои веросторӣ ва ороиши беҳтарин  соҳиби дипломи дараҷаи аввал гардида буд.

Август 25, 2015 06:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид