Низоъ барои расидан ба қудрат авҷ гирифтааст
Душанбе, 04.08.2015 (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи душанбе дар қаламрави ғарбии музофоти Ҳироти Афғонистон бархӯрди навбатии дохилии ҷангиёни «Толибон» ба амал омад, ки дар он зиёда аз 9 нафар кушта шуд.
Ин задухурди мусаллаҳона миёни тарафдорони Мулло Ахтар Мансур, ки пас аз марги Мулло Умар роҳбари нави Толибон интихоб гардид ва дигар фармондеҳони ҳаракати Толибон сар зад.
Бино ба иттилои «Хома пресс», дар миёни ошӯбгарони кушташуда, фармондеҳи Толибон Мулло Исмоил ва 5 ҷангии ӯ низ буданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар шимоли музофоти Форёби Афғонистон дар натиҷаи низоъ миёни фармондеҳон ва ҷанговарони Толибон барои расидан ба қудрат 11 ҷангии дигар низ маҳв шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






