Оила — омили таҳкимбахши ҷомеа
Душанбе, 12.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар партави эълон гардидани соли 2015 “Соли оила” дирӯз, 11 август дар толори меҳмонхонаи “Сипеҳр”-и шаҳри Чкалов дар мавзӯи “Оила — омили таҳкимбахши ҷомеа” мизи мудаввар доир гардид.
Тавре дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳри Чкалов ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар шаҳри Чкалов дар соли оила ба масъалаҳои ба фарзандхонӣ қабул намудани кўдакони ятиму бепарастор, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳифзи генофонди миллат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди хушунати оилавӣ, танзими муносибатҳои оиладорӣ, пешгирии бисёрникоҳӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, кафолатҳои иҷтимоии оила, пешгирии никоҳи хешубаторӣ, тарғиби гузаштани навхонадорон аз муоинаи пешакии тиббӣ, муносибати кўдаку волидон дар низоъ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ дода шудааст, ки дар маҷмуъ ин омилҳо ба пойдории оила мусоидат мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






