Ғолибони бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуданд
Душанбе, 07.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ҳашт дастаи ширкаткунандаи бозиҳои чаҳорякниҳоӣ маълум шуданд.
Ба иттилои манбаъ, намояндаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон — «Саройкамар”-и Панҷ, ки дар бозии ҷавобии ҳаштякниҳоӣ ғайричашмдошт дар меҳмонӣ «Хайр”-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи лигаи олиро шикаст дод, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ба чорякфинал баромад. «Саройкамар” дар даври чаҳорякниҳоӣ бо «Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунад.
Гуфта мешавад, ки дар бозиҳои дигари 1/4 финалӣ «Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон, бо «Хуҷанд”-и Хуҷанд, «Равшан”-и Кӯлоб бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ССКА «Помир»-и Душанбе бо «Барқи тоҷик»-и Душанбе барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ мубориза мебаранд.
Бозиҳои аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 20-уми августи соли равон, бозиҳои ҷавобӣ 25-уми август баргузор мешаванд. Маблағи ҷоизаи Ҷоми Тоҷикистон 65 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб ба ҷуз Ҷом бо ҷоизапулӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Ба финалист 25 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Бозии ниҳоӣ 25 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






