Олими варзида, муҳаққиқи дақиқназар

Август 28, 2015 06:05

Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Тибқи иттилои директори Пажӯҳишгоҳи  забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо Сахидод  Хоркашев бахшида ба 100 -солагии устод Носирҷон Маъсумӣ  моҳи сентябри соли  ҷорӣ конфронси илмӣ доир мегардад.
Устод Носирҷон Маъсумӣ шоир, омӯзгор, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ ва фолклоршиноси варзида буд. Маҳз бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи  Носирҷон Маъсумӣ китоби рӯимизии ҳар тоҷики бедордил — Фарҳанги забони тоҷикӣ, Луғати русию тоҷикӣ таълиф гардид. Устод Маъсумӣ воқеан андешаю дониши қомусӣ дошт, яъне энсиклопедист буд. Ӯ солҳои сол директори Пажӯҳишгоҳи забон ва  адабиёт, корманди раёсати Академияи улум, ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ва омӯзгори донишкадаи мазкур буд. Н. Маъсумӣ зодаи деҳаи Қаратоғ буда, дар қатори устод Мирзо Турсунзода яке аз барӯмандтарин фарзонафарзанди миллати тоҷик аст. 

 

Август 28, 2015 06:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад