Омӯзиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза алайҳи терроризми дохилӣ ва трансмиллӣ
Душанбе, 17.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз, 11 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии «Мубориза алайҳи терроризми дохилӣ ва трансмиллӣ»-ро, ки аз ҷониби Барномаи ёрии зиддитеррористӣ (Барномаи АТА) маблағгузорӣ мегардад, хатм намуданд.
Курси таълимии номбурда барои сайқал додани донишу малака, ки ба иштирокчиён дар таҳияи усулҳои тафтишотии пешгирикунанда дар мубориза алайҳи терроризм имконият фароҳам меоваранд, равона шудааст.
Ин сеюмин чорабинӣ аз силсилаест, ки аз 4 курси омӯзишии Барномаи АТА иборат мебошад, ва барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар соли 2015 ба нақша гирифта шудааст. Омӯзиши мазкур аз ҷониби Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористии назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ гардида, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии назди Сафорати ИМА гузаронида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






