Омодагии Тоҷикистон ба ҳалли муштараки масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ва таъмини амният дар минтақа
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Зимни гуфтушунидҳо ҷонибҳо бори дигар шабоҳат ва наздикии мавқеи худро оид ба масоили байналмилалӣ таъкид карданд», — гуфт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки бо назардошти зиёдшавии таҳдиду хатарҳои нав, инчунин фаъолгардии созмонҳои ифротгароӣ дар сарҳадҳои ҷанубии мо, ҷониби Тоҷикистон барои ҳалли муштараки масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ва афзудани талошҳо барои таъмини амният дар минтақа изҳори омодагӣ намуд.
«Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам таъкид намоям, ки Тоҷикистон – аз ҷониби худ – тамоми кўшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо ба манфиати халқҳоямон ҳамаҷониба рушд ва таҳким ёбанд ва ҳарчи бештар ба сатҳи рушди ҳаматарафа расанд», — иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






