Ошкор шудани 334 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои зераксизӣ

Август 4, 2015 04:40

Душанбе, 04.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар нимсолаи аввали соли  равон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ рейдҳои алоҳида ва муштарак бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида, 334 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои зераксизиро ошкор кардааст.
Бино ба иттилои Хадамоти мазкур аз ин миқдор 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии  маснуоти заргарӣ, 61 ҳолат маҳсулоти спиртӣ, 41 ҳолат маҳсулоти тамоку, 130 ҳолат сўзишворӣ ва 91 ҳолат дигар молҳои зераксизӣ мебошанд.
Дар натиҷаи рейдҳои муштарак воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ 6200 адад, ангиштсанг 1561 тонна, нуриҳои минералӣ 1024 тонна, семент 1044 тонна, маҳсулоти қаннодӣ  9294 кг, лампаҳои тафсон  42650 адад, меваи тар  25933 кг, доруворӣ 32867 дона, матоъ  15.785 метр, чорвои зинда 13 сар ва маводи хўрока 350 тонна ошкор карда шуда, ба маблағи 504,6 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 1603 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлат ситонида шудааст.

 

Август 4, 2015 04:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад