Озмуни БМТ барои мутахассисони варзида

Август 20, 2015 03:10

Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «», Фарзона Давлат).-Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар Дастгоҳи марказӣ, аз ҷумла дар Департаменти назорати бонкӣ, Департаменти аудити дохилӣ, Департаменти мониторинги молиявӣ, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ, Департаменти технологияи иттилоотӣ, Идораи ҳисобдорӣ, Идораи амалиёт дар бозори озод, Идораи муносибатҳои байналмилалӣ, Шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ, Шуъбаи ҳуқуқ, Бахши харид, озмун эълон менамояд.
Барои иштирок дар Озмун мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ, иқтисодчиён, мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ, ҳисобдорӣ, аудит, омор, ҳуқуқ, инчунин хатмкардагони мактабҳои олӣ бо ихтисосҳои “Молия ва қарз”, “Муносибатҳои байналхалқӣ”, “Ҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит” “Технологияи иттилоотӣ”, “Барномасозӣ”, ки забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русиро хуб медонанд даъват карда мешаванд.
Маълумоти муфассал оид ба номгӯи вазифаҳои холӣ дар рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва сомонаи бонкwww.nbt.tj нашр мешавад. 

 

Август 20, 2015 03:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд