Озмуни «Хомаи созанда — 2015»
Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, 12 марти соли 2015 қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи гузаронидани Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони «Хомаи созанда — 2015» ба тасвиб расида буд.
Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, таъмини инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва нашри маводҳои баландпоя дар мавзӯъҳои дорои аҳамияти махсус, арзиши баланди иҷтимоӣ миёни журналистони вилоят гузаронида мешавад.
Журналистоне, ки ҳадафи иштирок дар ин озмунро доранд, метавонанд маводҳои худро аз 1-ум то 20-уми октябри соли равон, ки марҳилаи ниҳоии қабули маводҳост, ба Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






