Озмуни РБДА ВКД барои ронандагон ва пиёдагардон
Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ 7-уми сентябри соли равон дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе озмуни «Ронанда ва пиёдагарди намунавӣ»-ро баргузор менамояд.
Даври якум бевосита дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе то 3-юми сентябри соли 2015 гузаронида мешавад. Даври дуюм 7-уми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки 5 нафар ғолибони даври якум доир мегардад.
Шумораи иштирокчиён барои даври якум бе маҳдуд буда, тамоми хоҳишмандон — шаҳрвандони кишвар иштирок карда метавонанд.
Дар озмун ба иштирокчиёне, бартарӣ дода мешавад, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нағз донанд, дар ташвиқу тарғиби бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ саҳм дошта бошанд.
Барои ғолибони озмун 5 ҷой бо мукофотҳои пулӣ муқаррар гардидааст.
Озмун бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳолии кишвар дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, таблиғи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таҷрибаи гаштугузори бехатари пиёдагардон дар ҷараёни ҳаракат дар роҳ, такмили шаклу усулҳои таблиғот оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани мавқеи пиёдагардон, ҳамчун иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ гузаронида мешавад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






