Пешгирии қоидавайрокуниҳо
Душанбе, 12.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолӣ, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон Абдурашид Кишварзода бо роҳбарони хадамоту шуъбаҳои мақомоти дахлдори фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе вохӯрӣ барпо намуда, дар он масъалаҳои пешгирии ҳама гуна қоидавайронкуниҳо дар фаъолияти ҳамарӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Абдурашид Кишварзода вобаста ба тамаъҷӯйӣ, риояи одоби муошират, мубориза бар зидди равандҳои террористӣ эктремистӣ, пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро пешгирии ҳама гуна хурофот, баланд бардоштани ғурури миллии ҷавонон ва тарбияи ватандустӣ муфассал суханронӣ намуд. Аз ҷумла, иброз намуд, ки дарки ҳаводиси ҷаҳони имрӯз водор месозад, ки мо аз хавфу хатарҳои ба оромӣ ва суботи кишвар таҳдидкунанда огоҳ бошем.
Вобаста ба фаъолияти ниҳодҳои фурудгоҳи Душанбе таъкид гардид, ки хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо дараҷаи баландро доро бошанд ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ мусофиронро ҳурмату эҳтиром номоянд. Мусофир бояд аз таҳқиру озор озод бошад ва худро шаҳрванди комилҳуқуқ ва зери ҳимояи қонун ҳис намояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






