Пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Кувайт
Душанбе, 15.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки ҳоло дар Кувайт таҳти раҳбарии сармураббӣ Шодӣ Ҳусейнов ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 омодагӣ мебинад, дар бозии санҷишӣ бар тими миллии ин кишвар бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби футзали кишвар имрӯз,15 август бо мунтахаби Кувайт боз як бозии дӯстона анҷом медиҳад. Бозии дувум дар миёни ин дастаҳо соати 21:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Ёдовар мешавем, мунтахаби футзали Тоҷикистон аз ин пеш дар Кувайт дар бозии санҷишӣ аз мунтахаби «Ал-Қодсия бо ҳисоби 4:6 шикаст хӯрда буд. Тими «Ал-Қодсия финалисти охирин мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё мебошад.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 ҷамъомади таълимиву тамриниашро дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) шурӯъ карда буд. Футболбозони тоҷик дар ин ҷо бо мунтахаби АМА ду бозии дӯстона анҷом дода, дар аввалинаш бо ҳисоби 3:5 шикаст хӯрданд ва бозии дувум бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






