Пирӯзии журналисти ТВ «Суғд» дар озмуни «Кадбонуи беҳтарини сол»
Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарини сол» байни бонувони кишвар, ки дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли оила баргузор гардид, журналисти шинохта ва корманди Телевизиони вилояти Суғд Ҳадя Набизода ҷои аввалро соҳиб шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, озмун дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе баргузор гашта, дар он аз хар минтақаи кишвар се нафарӣ иштирок доштанд. Тибқи низомнома иштирокдорон бояд ду намуди хӯроки миллии қадимаи тоҷикӣ ва хӯроки аврупоӣ, ҳамчунин ширинию кулчақанд, ҳалво нӯшоба, шарбат омода намуда, тарзу усули хоси оро додани дастурхонро пешкаш менамуданд.
Гуфта мешавад, ки Ҳадя Набизода ба ҳозирон ва ҳайати ҳакамон хӯроки «Кичирии Хуҷанд», ҳалвои кадугӣ, нӯшобаи хуч бо чойкаҳак, хуришҳои мевагӣ ва дигар намудҳои гуногуни ғизоро пешкаш намуда, хусусиятҳои табобатӣ, таъсири мусбии он ба ҳолатҳои равонии инсонро муаррифӣ намуд. Ба ҳайати ҳакамон хусусан маводи ғизоӣ аз сабзавоту меваҷот омода намудаи Ҳадя Набизода, ки хавфи ба бемории саратон дучор шудани инсонро кам мекунад, писанд омад ва аз ҷониби онҳо баҳои баланд гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






