Қӯрғонтеппа: “Хандаи ҳусн”, “Ҷилваи чакан” Фестивал- озмуни ҷумҳуриявӣ
Душанбе, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар майдони 70 солагии Водии Вахши шаҳри Қӯрғонтеппа- даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Хандаи ҳусн”, “Ҷилваи чакан” ва озмуни таоми миллии “Оши палав” баргузар гадид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иштирок намуда ҷиҳати сарчашмаҳои қадимӣ доштани таомҳое, ки аз биринҷ омода мешаванд, бахусус оши палав, ки аз замони ориёиҳо маълуму машҳур буда ва дар замони муосир низ ҳамчун ғизои миллӣ эътироф гардида, бо тарзу усулҳои гуногун омода мешавад ва дасттурхони мардумро оро медиҳад, суханронӣ намуд.
Раиси вилоят, ба иштирокчиён, меҳмонон ва саҳмдорон барои нигаҳ доштани анъанаҳои миллӣ ва баргузории ин ҳамоишҳои хотирмон миннатдорӣ изҳор намуд.
Сипас озмун ҷамбаст гардида, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Барои иштироки фаъолона ва пӯхтани оши палав, ноҳияи Ёвон ба ҷои якум, барои гузаронидан ва пӯхтани оши палав, шаҳри Қӯрғонтеппа ҷои дуюм, барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди оши палав ноҳияи Данғара ҷои сеюм ва барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди оши палав сазовор гардида ва бо сипоснома мукофонида шуданд.
Ба шӯъбаи маориф ҷои якум, ба Тоҷикстандарт ҷои дуюм, ва ба Тоҷикматлубот ҷои сеюм ҳамчунон барои саҳми арзанда гузоштан дар анъанаҳои миллӣ ва омода намудани оши палав дода шуд.
Дипломи дараҷаи аввал кафгири заррин ба Карим Қараев аз шаҳри Қӯрғонтеппа насиб гардид. Дипломи дараҷаи дуюм ва кафгир ба Сайдалиева аз ноҳияи Панҷ, ва дипломи дараҷаи сеюм ва кафгир ба Муродов аз ноҳияи Бохтар, туҳфа гардид.
Ғолибон рӯзи 22- юми август дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “оши палав” дар шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.
Ғолибони озмуни “Хандаи ҳусн”
Дар фестивал- озмуни «Хандаи ҳусн» дар шаҳри Қурғонтеппа мукофоти пулии 500 сомонӣ, насиби шаҳри Қурғонтеппа, ҷои дуюм ва мукофоти пулии 450 сомонӣ, насиби ноҳияи Хуросон ҷои сеюм ва мукофоти пулии 300 сомонӣ насиби шаҳри Сарбанд гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






