Рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот
Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати Растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 19426 гектар картошка кишт шудааст. То 31.07.2015 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ҳосили 5770 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1288 гектар зиёд мебошад.
Тавре, ки дар ин бора аз Вазорати кишоварзии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, то имрўз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 123760 тонна картошка истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30426 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 214, 5 сентнериро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 сентнерӣ зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад.
Гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 27364 гектар сабзавот кишт шудааст, ки то имрўз майдони 16692 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2259 гектар зиёд мебошад. То 31июли соли 2015 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 409788 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 79047 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 245,5 сентнериро такшил медиҳад,ки дар соли гузашта 16,3 сентнерӣ афзунтар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






