Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Муъминобод
Муъминобод, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов)- Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳунармандони мардумӣ зиёданд ва аксари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Хусусан дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод ба ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти хоса зоҳир гардида,барои рушди он бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия дар якҷоягӣ бо ҳокимияти маҳаллӣ ҳунармандонро дастгирӣ менамоянд. Қисми зиёди ҳунармандони ноҳия аз грантҳои президентӣ бархурдор гардид, доираи фаъолияти худро васеъ намудаанд.
Сайёра Абдуллоева ҳанӯз аз хурдсолӣ ба дӯхтану омода кардани либосхои миллӣ машғул буд. Ҳоло ин зани ботаҷриба духтани чаканию қуроқӣ, порадӯзию қаламарезгиро бо маҳорати баланд иҷро мекунад ва махсулоташ харидори зиёд низ дорад. Ба гуфтаи Сайёра ҳунарҳои дастиаш дар хориҷи кишвар низ харидор ёфтааст.
Офаридаҳояш аз ҳамдигар зеботар буда, бозгӯй фарҳангу таҷассуми маданияти миллӣ мебошанд. Ҳамчунин ӯ ҷавондухтаронро ба омӯзиши касби дӯзандагӣ низ ҷалб кардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






