Сафари 83 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия
Душанбе, 5.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ҶДММ «Роҳи Абрешим» аз вилояти Суғд сафарбаркунии навбатии муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия ба роҳ монд.
Аз ҷониби ширкати мазкур 83 нафар шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба Федератсияи Русия сафарбар гардиданд, ки аз инҳо 44 нафар ба вилояти Новосибирск, 39 нафар ба вилояти Тюмен ба муҳоҷират рафтаанд.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, аз ҷумлаи сафарбаршудагон 9 нафар ноболиғ буда, ҳамроҳи волидон ба Федератсияи Русия сафар намуданд.
Дар радифи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ду нафар сокини вилояти Хатлон ҳам ба ин гурӯҳ шомил буда, ба муддати 1 сол ба муҳоҷират рафтаанд.
Инчунин тибқи маълумоти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ 8000 нафар ба марказҳои маълумотдиҳии раёсат муроҷиат намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






