Семинар-машваратҳо дар соҳаи китобдорӣ

Август 18, 2015 03:47

Душанбе, 18.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Китобхонаи давлатии патентию техникии (КДПТ) Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ва «Дар бораи иттилоотонӣ» бо мақсади ба роҳ мондани  ҳамкориҳои дуҷониба, тарғибу ташвиқи фаъолияти китобдорӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаи китобдорӣ ва истифодаи он дар кори рӯзмарра, баррасӣ намудани  масъалаҳои ҷойдоштаи соҳаи китобдорӣ дар як қатор китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкил ва гузаронидани семинар-машваратҳоро ба нақша гирифтааст.
То ба имрўз маъмурон дар як қатор китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияҳои Данғара, Ҳисор,  Рўдакӣ, Ёвон, Панҷ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳритус, Файзобод,  шаҳрҳои Норак, Ваҳдат, Турсунзода, Қурғонтеппа, Кўлоб, Панҷакент, китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон,Тошхўҷа Асирии вилояти Суғд, Садриддин Айнии вилояти Хатлон (ш. Кўлоб) семинар-машваратҳо анҷом дода, барои созишномаҳо ҳамкории дуҷониба ба имзо расониданд.
Гуфта мешавад, ки семинар-машваратҳо  аз 19-ум то 21-уми августи соли равон дар китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз он ҷумла, шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод аз ҷониби кормандони КДПТ баргузор мегарданд. 
Кормандони КДПТ кӯшанд дар баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, тарғибу ташвиқ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ рушди соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.  

 

Август 18, 2015 03:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад