Семинари ҷумҳуриявии китобдорони ҷавон
Душанбе, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ»таҳти чунин унвон Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябри соли равон бахшида ба «Рузи китоб» семинари ҷумҳуриявии китобдорони ҷавонро баргузор менамояд.
Дар семинар мавзӯъҳои, сарватҳои иттилоотӣ, технологияҳои автоматикунонӣ, ҳамкориҳои байникитобхонавӣ, абонементи байникитобхонавӣ, дастрасӣ ба маъхазҳои иттилоотӣ, китобхонаҳои электронӣ, ташкили сомонаҳои интернетии китобхонаҳо, намоишҳои китобӣ-виртуалӣ, тарғибу ташвиқи фаъолияти китобдорӣ ва хизматрасониҳои гуногуни китобхонавӣ баррасӣ гардида, дар назар аст, ки дар кори он мутахасисони соҳа аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намоянд.
Мақсад аз баргузории семинар, мубодилаи иттилоот ва малакаи кору фаъолият, баланд бардоштани савияи дониш, шиносоӣ бо навгониҳо ва баррасии масъалаҳо дар фаъолияти кори китобдорон дар китобхонаҳо ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба китобхонаҳо арзёб мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






