Шиддатгирии ихтилоф ва даргирӣ миёни ҷангиёни толибон барои қудрат
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар музофоти Зобули Афғонистон бархӯрди навбатии дохилӣ миёни ҷангиёни толибон ба амал омад, ки дар натиҷа 5 силоҳбадасти ин гурӯҳи ифротӣ кушта шуданд.
Ин даргирӣ миёни ҷонибдорони роҳбари нави гурӯҳи толибон Мулло Мансур ва гурӯҳи толибон бо роҳбарии мулло Додуллоҳ, ки номзадии ӯро қабул надоранд, сар зад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз марги Мулло Умар дар сафи толибон парокандагӣ ва мубориза барои қудрат сар зад, ки боиси афзудани даргирии дохилӣ миёни ҷангиёни ин гурӯҳ дар манотиқи гуногуни Афғонистон гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






