Шиносоии М. Ҷабборӣ бо рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор
Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ дар ноҳияи Ҳисор бо рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор шинос шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат зимни сафар ба ин ноҳия аз рафти сохтмон, таҷдид ва навсозии варзишгоҳи марказӣ, китобхонаю осорхона, қасри фарҳанг, мактаби президентӣ ва мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор дидан карда барои дар мўҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ин санаи таърихӣ аъзои кумитаи тадорукот ва дигар масъулони дахлдорро вазифадор намуд.
Дар идомаи боздид Марҳабо Ҷабборӣ бо ҷараёни омодасозии барномаҳои мукаммали фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои фарҳангии ноҳия шинос шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






