Шиносоии Сарвазир бо корҳои бунёди қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа

Август 21, 2015 12:23

Душанбе, 21.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои бунёди қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа шинос шуд.
Рафти бунёди қитъаи ин роҳи муҳим дар мадди назари аввали роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамарўза барои  саривақт  ба анҷом  расонидани татбиқи ин лоиҳаи дорои аҳамияти муҳим аз ҷониби мутахассисону роҳсозон талошҳои зиёд  ба харҷ дода мешавад.
Хотиррасон бояд кард, ки дарозии ин қитъаи роҳи оҳан 40,7 км буда,  панҷ пул ва се нақби бузургро дар бар мегирад.
Сарвазири мамлакат дар маҳали бунёди нақбҳои асосии бузург ва пулҳо бевосита бо ҷараёни корҳои нақбсозию бунёди пулҳо шинос шуда ҷараёни корҳои асосиро дар ин иншоот қаноатбахш арзёбӣ кард.
Тавре таъкид шуд, то имрўз лоиҳаи кории нақбҳо аз ташхиси давлатӣ гузашта лоиҳаи пулҳои ин қитъаи роҳ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар нақбҳои якум, дуюм ва сеюми лоиҳа мутаносибан дар масофаҳои 422, 173 ва 123 метр нақб омода шуда, рўзҳои наздик бунёди кўпрукҳо низ оғоз карда мешавад. 
Дар айни замон, дар бунёди қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон корҳо дар ду баст ба роҳ монда шуда, 406 нафар ба корҳои бунёди роҳ ва нақбу пулҳо ҷалб гаридаанд. Шумораи мошину механизмҳо 155 ададро ташкил медиҳанд ва баробари шуруъи корҳои заминӣ дар бунёди пулҳои асосии лоиҳа миқдори мошину механизмҳои  корӣ афзун карда мешавад. Бо мақсади иҷрои босифат ва саривақтии татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат –Ёвон ҳамкории фармоишгар Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон бо ташкилоту идораҳои сохтмонии ватанӣ ва ширкату иттиҳодияҳои роҳсоз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда дар корҳои бунёди роҳи оҳан зиёда аз 10 ширкату ташкилоти сохтмонии ватанию хориҷӣ магшғули кор мебошанд. Рафти  шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёди роҳ дар ситоди сайёри корӣ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ шуд. Дар ситод  роҳбарони  вазорати нақлиёт, роҳи оҳани Тоҷикистон, дигар   масъулони  соҳа ва роҳсозону мутахассион  барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои бунёди роҳ вазифадор карда шуданд.
Дар идомаи сафар ба ноҳияи Ёвон Сарвазири мамлакат ҳамчунин бо рафти сохтмони корхонаи криоллит ва алюминийи фтордор шинос шуд.

 

Август 21, 2015 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!