Си фоизи вазифаҳои роҳбарикунандаро бонувон ба ӯҳда доранд
Душанбе, 10.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар зарфи ду соли охир беш аз 600 нафар занону бонувони лаёқатманди роҳбар ва хизматчиёни давлатии дар захираи кадрҳобуда ба курсҳои азнавтайркунӣ ва такмили ихтисос ҷалб гардида, онҳоро хатм кардаанд.
Курсҳои мазкур аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил шудаанд.
Ҳамчунин, дар тӯли ду соли охир 9 курси такмили ихтисос аз рӯи барномаҳои «Менеҷменти давлатӣ», «Зан-роҳбар», «Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Одоби муоширати расмӣ» барои баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва малакаи касбии занону бонувон доир гардид.
Аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа андешида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки алҳол 30 фоизи вазифаҳои роҳбарикунандаро дар кишвар занон ба ӯҳда доранд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






