Сифати ғизои боғчаҳои бачагонаро прокуратура санҷиш мекунад
Душанбе, 04.08.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ ба Ҳамидуллохон Фақиров -сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дастур дод, ки мудирони боғчаҳое, ки дар фаъолияташон ба камбудию саҳлангорӣ роҳ додаанд, аз вазифа сабукдӯш намояд ва минбаъд мудирони боғчаҳо дар асоси озмун ба вазифа интихоб карда шаванд.
Бояд гуфт вазъи нигаҳдошт ва сифати ғизои ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон ва муассисаҳои томактабии шаҳр пешниҳодшаванда мавриди вокуниши шадиди шаҳрдорӣ қарор гирифта, аз прокуратураи шаҳри Душанбе даъват карда шуд, ки ин ҳолатро мавриди санҷиш қарор диҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






