Сироҷиддин Аслов нусхаи Эътимодномаи Сафири Туркияро қабул намуд
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озтурк Йилмазро қабул намуд.
Пас аз маросими супоридани Эътимодномаи мулоқоти дуҷониба баргузор гардид, ки дар рафти он атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, фарҳангу маориф табодули афкор сурат гирифт. Сироҷидин Аслов қаноатмандии худро роҷеъ ба сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Туркия баён намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири нави Туркия барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳо миёни ду кишвар саҳми сазовор хоҳад гузошт.
Сафир Озтурк Йилмаз дар навбати худ аҳамияти таҳкими муносибатҳои шарикона бо Тоҷикистонро барои кишвараш таъкид карда, иброз дошт, ки тамоми кӯшиши худро барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориӣ дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ равона хоҳад кард.
Вазири корҳои хориҷӣ ба ӯ дар ин вазифаи фахриву пурмасъулият комёбиҳо таманно кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






