Сокини ноҳияи Шӯрообод бо қариб 100 кг афюн дастгир гардид

Август 14, 2015 05:35

Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар аввали моҳи июл хабари фаврӣ гирифтанд, ки шаҳрвандони Афғонистон ният доранд миқдори калони маводи нашъаоварро ба сокини ноҳияи Шӯрообод фурӯшанд. 
Дар назди деҳаи Анҷироб кормандони агентӣ мехостанд  мошини «Нива»-ро боздошт кунанд, вале ронанда суръатро баланд намуда,  хост пинҳон шавад. Кормандони агентӣ мошинро таъқиб намуданд. Ронанда дар ҷои беодам аз мошин  баромада, ба ҷои номаълум ғайб зад. 
Кормандони агентӣ мошинаро ба шаҳри Кӯлоб оварда,  дар бинои Шуъбаи байниноҳиявӣ аз назар гузарониданд. 
Дар дохили он якчанд борхалта бо маводи дорои  бӯи махсус дарёфт гардид.  
Тавре  ки мутахассисони Шуъбаи ташхиси  судии агентӣ муайян намуданд, маводи ошкоршуда афюн буда, вазни он 98 кг 658 граммро ташкил дод.
Дар  натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврю ҷустуҷӯӣ 12 август сокини 53-солаи ноҳияи Шӯрообод дастгир гардид, ки ронандаи  мошини партофта ва аз таъқиб пинҳонгардида буд ва  то ҳол дар ҷустуҷӯ қарор дошт. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти агентӣ, ҳоло шахсияти шаҳрвандони Афғонистон, ки маводи нашъаоварро ба ӯ фурӯхтаанд, муайян шуда истодааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Август 14, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд